Холов Саидмурод Ҳакимович – Роҳбари КАТС-и ноҳияи Ҷайҳун

Соли 1989 қадамҳои аввалини худро ба синфи якум ба МТМУ №6-и ноҳияи Ҷайҳун гузошта, муассисаи мазкурро соли 2000- ум хатм намудааст.

Соли 2000-ум ба Омузишгоҳи тиббии шаҳри Бохтар дохил шуда, онро соли 2002 бо ихтисоси бародари шафқат хатм намудааст. Соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси табиби муолиҷавӣ хатм намудааст.

Аз соли 2009 то соли 2010 дар Маркази Ҷумҳуриявии клиникии “Уролоҷӣ” ҳамчун духтури интерна кор ва фаъолият намуда, аз моҳи сентябри соли 2010 то моҳи январи соли 2011 дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун дар шуъбаи ҷароҳӣ ҳамчун табиб-уролог кор кардааст. Соли 2011 ба курси “ординаторӣ” клиникии кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, онро соли 2014 сарбаландона хатм намудааст. Баъди хатми курси “ординатора” аз моҳи майи соли 2014 дар маркази саломатии ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун духтури уролог фаъолияти худро оғоз намудааст.

Аз моҳи сентябри соли 2014 то моҳи августи соли 2020 муовини роҳбари КАТС оид ба корҳои ташкилӣ ва методӣ кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2020 то моҳи марти соли 2021 муовини роҳбари КАТС оиди КНТ кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2021 то инҷониб роҳбари КАТС-и ноҳияи Ҷайҳун кор ва фаъолит дорад.