Абдулҳамидзода Ҳомидҷон Абдулҳамид – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун

Абдулҳамидзода Ҳомидҷон Абдулҳамид санаи 6 августи соли 1988 дар ноҳияи Ховалини вилояти Хатлон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст.

         Соли 2006 дар мактаби миёнаи № 4-и ноҳияи Ховалинг вилояти Хатлон маълумоти миёнаи пурраро гирифтааст. Соли 2006 ба бахши рӯзонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дохил мешавад,  донишгоҳро соли 2013 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси бавлияшинос хатм менамояд.   

Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 2014 оғоз гардида, дар вазифаҳои духтури шуъбаи уролоҷии беморхонаи маркизии ноҳияи Ҷайҳун, мудири шуъбаи қабули беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун, директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ҷайҳун кор карда омадааст.

 Аз соли 2019 ин ҷониб дар вазифаи сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун кор карда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон.