Ҳасанзода Тағоймурод Абдулқодир – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир санаи 2 майи соли 1960 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1978 дар мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Ҷайҳун маълумоти миёнаи пурраро гирифтааст. Соли 1989 ба бахши рузонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил мешавад, донишгоҳро соли 1994 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси механиконии кишоварзӣ хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1980 оғоз гардида, дар вазифаҳои ронандаи прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун, ронандааи муасисаи нақлиётии № 11-и ноҳияи Ҷайҳун, муҳосиби калони муасисаи байнихоҷаги оид ба механизатсияи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Ҷайҳун, диспечери комбинати истеҳсолии итиҳодияҳои таъминоти техники ноҳияи Ҷайҳун, сардори автоколонаи итиҳодияҳои таъминоти техники ноҳия, Сармуҳандиси иттиҳодияи таъминоти техникии ноҳия, директори иттиҳодияи таъминоти техникии ноҳия, раиси райёсати хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳия, директори иттиҳодияи таъминоти техникии ноҳияи Ҷайҳун, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, директори хоҷагии ёрирасони Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун, директори корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ҷайҳун, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун кор карда омадааст. Аз соли 2019 ин ҷониб дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ноҳияи Ҷайҳун