Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор – Раиси ноҳияи Ҷайҳун

     Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор

Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор санаи 17 сентябри соли 1965 дар ноҳияи Муминобод вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Маълумоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муминобод гирифта, соли 1982 ба бахши рӯзонаи Иниститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил мешавад, донишгоҳро соли 1987 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси аграном хатм менамояд. Ҳамчунин Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор соли 2011 ба бахши ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2016 донишгоҳро бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисосҳои муҳандис - заминсоз хатм менамояд.

Фаъолияти меҳнатии Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор аз соли 1987 оғоз гардида, дар вазифаҳои Аграноми савхози «Муъминобод»-и ноҳияи Муъминобод, Котиби комитети камсомоли савхози «Муъминобод»-и ноҳияи Муъминобод, Раиси КООП «Араби»-и «Муъминобод»-и ноҳияи Муъминобод, Сараграноми савхози «Муъминобод»-и ноҳияи Муъминобод, Сараграноми ассосиатсияи иљоракорони «Кулчашма»-и ноҳияи Муъминобод, Мутахассиси дараҷаи 1-уми Кумита заминсозии минтақаи Кӯлоб, Мутахассиси пешбари идораи давлатии хисобии хоҷаги «Марказ – замин»-и Кумитаи замини минтақаи Кӯлоб, Сардори шуъбаи ҷисоби хоҷагии «Марказ – замин»- и Кумитаи замини минтақаи Кӯлоб, Директори корхонаи «Танзими- замин»-и назди Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, Мутахассиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, муовини раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи кадрҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва гиодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва гиодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон кор карда омадааст ва айни замон дар вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун фаъолият карда истодааст. Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.