Зайдуллоев Муҳамадҷон Муродбекович – Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

Зайдуллоев Муҳамадҷон Муродбекович санаи 07 августи соли 1990 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2008 дар мактаби миёнаи №21-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маълумоти миёнаи пурраро гирифтааст. соли 2008 ба бахши рӯзона Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад, донишгоҳро соли 2012 бо гирифтани диплом аз рӯи ихтисоси Иқтисодчи ва идоракуни дар корхонаҳо хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 2012 оғоз гардида, дар вазифаҳои, омузгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Ҷайҳун, Сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии «Сафар-2009»-и ноҳияи Ҷайҳун, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Мудири шуъба кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун . Аз соли 2020 ин ҷониб дар вазифаи Муовини раис - мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун кор карда истодааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ноҳияи Ҷайҳун.