БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободию зебогии диёр ҳар рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки кули аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор мегардад.

Аз ҷумла, санаи 13 - уми апрели соли 2024 чунин аксияи тозагӣ дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” баргузор гардида, атрофи майдони варзишии марказии ноҳия аз ҳаргуна ифлосиҳо ва алафҳои худрӯй тоза гардонида шуд.

Ҳамзамон бехи дарахтони ҳамешасабз, ки дар атрофи майдони варзишӣ нашъунамо меёфтанд нарм ва ҷӯйборҳои обрав тоза карда шуд.