МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун:  

Санаи 29-уми апрели соли 2024, тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор, аъзоёни раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Маҷлиси Раёсат дар доираи чор масъала баррасӣ гардид.

1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда;

2. Ҷараёни амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;

4. Масъалаҳои ҷорӣ;

Нахуст Маҷлисро раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳасанзода Тағоймурод кушода, вобаста ба ҷамъбати фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, барои семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда гузориш дод. Ҳамзамон вобаста ба ин масъала чанде аз иштирокдорон музокира намуда фикру андешаҳои худро оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Раёсат гузошташуда низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба рафти иҷрои саривақтии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми маҷлис узви раёсат - муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахтдавлатзода Гулбаҳор баромад карда, кори ҳизбиёнро вобаста ба пеш бурдани сиёсати идеологӣ дар маҳал, таблиғу ташвиқи фарҳанги миллии тоҷикӣ ва доир кардани ташаббусҳои ҳизбӣ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дар давраҳои фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.