ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН

Ҷайҳун:  

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад санаи имрӯз тибқи нақша масъулини ноҳиявии ҳизбӣ дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ корҳои фаҳмонидадиҳиро бо усули “Хона ба хона” идома бахшида, оид ба масъалаҳои болозикр, хусусан вобаста ба тамоми он дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо сокинон суҳбату андешаронӣ намуданд.