РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити хуби корӣ ва пешбурди фаъолитҳои ҳизбӣ имрӯзҳо дар саросари кишвар сохтмони биноҳои замонавӣ бароҳ монда шуда истодааст. Ноҳияи Ҷайҳун низ дар ин самт пешсаф буда, фаъолнокии худро дар сохтани чунин бинои дуошёнаи замонавӣ нишон додаистодаст.

Санаи 13-уми соли равон сохтмони ошёнаи дуюми бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун оғоз гардида, бо маром идома дорад. Итминони комил дорем, ки  сохтмони бинои мазкур то рӯзи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба пурраги ба анҷом расида, мавриди истифода қарор хохад гирифт.

Аз рафти сохтмон узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А.А. дидан намуда, ба сохтмончиён баҳри сифатнокии кори сохтмони бинои мазкур дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Метавон зикр намуд, ки бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҳар рӯзҳои истироҳати шанбеги баргузор гардида дар сохтмону тозаю озода намудани гирду атрофи он саҳми худро мегузоранд.