ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕГАРДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои фаҳмондадиҳро бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ мондаистодаанд.

Мушоҳида мегардад, ки сокинони деҳаи номбурда заминҳои наздиҳавлигии хешро самаранок истифода намуда, маҳсулотҳои корида алакай нашъу намои хуб доранд.

Дар раванди баргузории чорабиниҳои хонагаштак масъулин вобаста ба доираи истифодаи мақсадноку самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва деҳқонию фермерӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки моро зарур аст ба меҳнатдӯсти ҷалб намудани хонавода диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоем ва ҷиҳати рӯёнидани ду се ҳосил аз як замин бо истифодаи тухмҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқаро барои ду соли оянда тадбирандешӣ намоянд.