АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҳар рӯзҳои панҷшанбе дар ҳамаи ташкилоту муасисаҳои ҳудуди ноҳия Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст.

Дар ин росто бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишӣ”-и ноҳия аксияи тозагӣ доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур дохил ва гирду атрофи майдони варзишии марказии ноҳия аз ҳар гуна партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуд.

Метавон зикр кард, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани майдони варзишии ноҳия пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.