БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзо ва фаъолон корҳои ободонию созандагӣ амалӣ гардида истодааст.

Аз он ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навоӣ” ва ҷалби аъзо фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, роҳи ҳудуди деҳаи Навоии Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ сангфарш гардонида шуд.

Метавон зикр намуд, ки бо фаро расидани фасли баҳор ва ҳавои мусоид баҳри анҷом додани корҳои созандагӣ дар ҳудуди дигар деҳаҳои ноҳия чунин аксияҳо баргузор гардида, сокинон бо як руҳу илҳоми тоза дар он саҳми хешро мегузоранд.