КУМАК БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНДИ ДЕҲАИ СЕБЗОР

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои Нақшаи корӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри расонидани кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд, маъюб ва барҷомондаи ҷомеа пайваста бо ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ноҳия корҳои таблиғотиро амалӣ намуда, онҳоро баҳри амалӣ намудани ин амалҳо даъват менамояд.

Ин аст, ки санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ чунин амали хайр ва башардустона  бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти Андоз” дар ноҳияи Ҷайҳун амалӣ гардида, бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоии мазкур дар арафаи Иди Саиди Фитр як оилаи камбизоат ва ниёзманди деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ аёдат гардида, зимни аёдат кумакҳои моддӣ дар намуди орд, равған, картошка, пиёз ва дигар маводи лозимаи рӯзгор ҳамзамон ба фарзандони ин оила сару либоси идона расонида шуд, ки аз ин иқдом оилаи мазкур бисёр хушҳол гардида, минатдории беандозаи хешро ба ташаббускорон баён намуданд.

Дар фарҷом, баҳри бозҳам ободию оромии кишвар дуои хайр намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нозироти Андоз” яке аз ташкилотҳои ҳизбии фаъол ба ҳисоб рафта, дар арафаи иду ҷашнвораҳо пайваста ба оилаҳои ниёзманди ноҳия хусусан ба ин оилаи камбизоат кумакҳои гуногуни моддию пуллӣ мерасонад.