КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Накутарин фард он аст, ки аз худ дар дунё чизе ва ё номи неке боқӣ гузорад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҲХДТ ва шахсони саховатпешаву накукор дасти ниёзмандону барҷомондагонро гирифта, дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо хотироти онҳоро шод месозанд.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон, маъюбону собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфикру соҳибандеша ва тавоно мебошад, ки имрӯзҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иқдом гирифтааст бо ҷалби фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва вакилони ҳизбӣ ба ин қишри ниёзманд пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, кумакҳои яквақтаи хешро расонад.

    Чунин иқдоми хайрхоҳона санаи 5-уми апрели соли равон аз ҷониби Вакили маҷлиси вакилони халқ дар Вилояти Хатлон, Директори Генералии Иттиҳодияи Аграрии “Водии Заррин” Валиев Фирдавс амалӣ гардида, дар арафаи Иди Саиди Фитр ба 50 оилаи ниёзманди ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун кумаки яквақтаинаи моддӣ аз он ҷумла орд, равған, шакар ва дигар маводҳои ниёзи аввал расонида шуд.

         Зимни расонидани кумак раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод иштирок ва бо намояндагони ин оилаҳо ҳамсуҳбат гардида, иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Аз ин лиҳоз, Шумо ҳеҷгоҳ худро танҳо ҳис накарда, мо кушиш ба харҷ медиҳем, то ҳамеша аз ҳолу аҳволи шумо бохабар ва дар ҳама ҳолат дастёри шумо бошем.

         Аз ин иқдом оилаҳои кумакгардида бисёр хушҳол ва рӯҳбаланд гардида, минатдории якояки хешро бо роҳбарияти Олии мамлакат ва ташабускорони ин кори хайру савоб расониданд.