БАИСТИФОДАДИҲИИ "КАЛИДЧАИ ТИЛЛОӢ"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фарогирии насли наврас ба таҳсил имрӯзҳо дар саросари кишвар бо ҷалби фаъолону соҳибкорони ватанӣ боғчаҳои кудакона ва муассисаҳои томактабӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст.

Аз он ҷумла, дар доираи истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун чунин муассисаи томактабӣ бо номи “Калидчаи тиллоӣ” сохта шуда, баҳри ба таҳсил фаро гирифтани 120 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.