ҲХДТ – ТАШАББУСКОРИ КОРҲОИ ХАЙРУ САВОБ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии маъюбон ва қишри осебпазир имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба се нафар аз маъюбони ҳудуди ноҳия нафақаи ҳизби дар ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.

Дар ин росто, санаи 28-уми марти соли 2024 аз ҷониби муови раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба парастори 1 - нафар маъюб, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ, Алиев Ҳамидҷон нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ барои ду моҳ дастрас гардонида шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон ҳамеша таҳти ғамхориҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамаҷониба дасгирӣ меёбанд.