ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, имрӯзҳо дар доираи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, масъулини Кумита пайваста ба маъюбону барҷомондагон ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳамзамон соҳибкорону шахсони саховатпешаро баҳри амалии чунин амали нек даъват менамоянд.

Дар ин доира, санаи 28-юми марти соли 2024 аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба Сафаров Боймаҳмад парастор ва падари маъюби дараҷаи 1-ум Сафаров Тошмаҳмад истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ, ки солҳои зиёд аз бинойи маҳрум аст, дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон нафақаи ҳизбӣ барои ду моҳ ба миқдори 1000 сомонӣ супорида шуд.