БАРРАСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲАИ ТАЪЛИМӢ

Ҷайҳун:  

Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати баррасии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, имрӯзҳо бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия, вакилон ва фаъолони ҳизбӣ бо сокинон вохӯрию хонишҳои сиёсӣ баргузор гардида истодааст.

Чунин вохӯрӣ санаи 19-уми марти соли ҷорӣ дар   муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 бо иштироки директори муассиса, омӯзгорон ва фаъолону сокинон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар идома инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пешгирии хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, доир гардид.