ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун:  

Тибқи  нақшаи тасдиқгардида имрӯзҳо вохӯрии гурӯҳи корӣ дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия бо аҳли ҷомеа доир ба амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 март баён намуданд, баргузор гардида истодааст.

Чунин вохӯрӣ бо иштироки гуруҳи корӣ, дар ҳайати Ширинбеков С. - намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳасанзода Т. - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Яккадин ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Яккадин бо омӯзгорон, фаъолон ва сокинони ҳудуди ҷамоат баргузор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва дар амал тадбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноблиғон, ҷавонон, занон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳозирин супориш ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.