ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Ҷайҳун:  

Бо мақсади идома бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи истиқбол аз 30-солагии “Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои созандагӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар ин росто санаи 16-уми марти соли 2024 бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод гузоштани таҳкурсии бинои Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оғоз гардид.

Дар асоси нақша бинои мазкур то охири сол сохта шуда, тибқи лоиҳа бо тарҳи дуошёна, дорои 8-ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.