АКСИЯИ ТОЗАГИИ АТРОФИ ШОҲРОҲ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 16-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки васеи ҷавонон ва аъзои фаъоли “Созандагони Ватан” дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ шоҳроҳи ноҳияҳои Ҷайҳун-Дӯстӣ Аксияи тозагии атрофи роҳ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Панҷ” баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур ду шафати роҳ ва талу тепаҳои атрофи он аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, партовҳо аз ҷониби масъулини идораи хоҷагии манзилию комуналии ноҳия ба ҷойҳои лозима бурда шуданд.

Метавон зикр кард, ки аксияи мазкур баҳри тозагии ҳифзи муҳити зист аз ҳаргуна ифлосиҳо баргузор карда шуда, ҳар ҳафта дар атрофи шоҳроҳҳои ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун чунин аксияҳо бо иштироки васеи ҷавонону сокинони маҳал роҳандозӣ карда мешаванд.