ТАРҒИБУ ТАШАКУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Варзиш яке аз воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмонӣ буда, пайваста машғул будан бо он манфиатбахш мебошад.

Аз ин лиҳоз баҳри ҷалби ҷавонон ба ин соҳа имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси ташкилотҳои ибтидоӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чунин мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, рӯз то рӯз ҷонибдорону иштирокдон меафзояд.

Ин навбат аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишӣ” дар ноҳияи Ҷайҳун мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол, футбол, шашка ва шоҳмот баргузор гардида, сокинони ноҳия бо ҳам дӯстона қувваозмои менамоянд.

Метавон зикр намуд, ки чунин иқдомҳо баҳри оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии наврасону ҷавонон ба роҳ монда мешаванд, ки дар ҷамбаст ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида хоҳанд гашт.