БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, дирӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” ва ҷалби аъзо фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳашари дастаҷамҳона баргузор гардид.

         Дар ин ҳашар як адад пули мошингузари ҳудуди деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангир таъмир ва азнавсозӣ гардонида шуда, рӯзҳои наздик баҳри ҳаракати сокинон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.