КУМАК БА АШХОСИ НИЁЗМАНД - ХИСЛАТИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор ва сарфарозит, ки халқи тоҷик дар асоси пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо дилу нияти поки хеш ба шахсияҳои ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кумаки хешро дароз мекунанд.

Ин навбат чунин амали нек ва хайрхоҳона бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи худфаъолияти деҳаи Сомонӣ ба 8 оилаи эҳтиёҷманд ва барҷомондаи деҳаи зикргардида дар моҳи Шарифи Рамазон кумаки яквақтаинаи моддӣ дар намуди маводҳои ниёзи аввали рӯзгор расонида шуд.

Аз иқдоми пешгирифта ин оилаҳои кумакгардида бисёр хушҳол гашта, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташкилкунандагони иқдоми мазкур баён менамуданд.

Бояд зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” дар анҷом додани чунин иқдомҳо ва ташабусҳои хайрхоҳона фаъол буда, ба сокинони эҳтиёҷманд кумакҳои хешро мерасонанд.