ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо вобаста ба омодагиҳо ба истиқбол аз ҷашнҳои 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорон саховатмандон як қатор корҳои ободонию созандагӣ бо маром амалӣ гардида истодаанд.

Аз он ҷумла, дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол роҳи аҳамияти маҳаллидошта тариқи ҳашар ва бо саҳми аъзо ва фаъолони ҷамоат таъмир ва сангфарш гардонида шуд.