ТАЪМИРИ ПУЛ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!»

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати вусъат бахшидан ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии пулҳо баҳри дар сатҳи баланд истиқбол аз ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамзамон 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем» ва «Якҷоя ҳал мекунем» корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бо маром амалӣ гардидаистодаст.

Аз он ҷумла, чунин ташаббус бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлол амалӣ гардида, як адад пули мошингузари ҳудуди деҳаи Лоҳутии ҷамоати мазкур, ки хароб гардида буд ва ба ҳаракати сокинон мушкилӣ эҷод мекард таъмир ва аз навсозӣ карда шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифодаи сокинон қарор хоҳад гирифт.