ОМОДАГИҲОИ СОКИНОН БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза намудани ҷуйбору каналҳо ва заҳкашҳо ҳамзамон ба ин васила беҳтар намудани ҳолати мелиаративии заминҳои корам имрӯзҳо бо ташаббуси раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва фаъолон дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун, тоза намудани ҷуйборҳо ва корҳои саҳроӣ оғоз гардидаистодааст.

Ин навбат чунин ташаббус бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Вахш”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ба роҳ монда шуда, канали обрасони ҳудуди деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона тоза ва канда шуда, баҳри таъмини сокинон бо оби хоҷагӣ дар мавсими баҳорӣ омода карда шуд.

Ҳамзамон дар дигар Ҷамоатҳои ноҳия чунин омодагиҳо ба мавсими кишти баҳорӣ бо маром идома дошта, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сокинони маҳал ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ба ҳашар баромада, ҷуйборҳои дохили хоҷагӣ ва байни деҳаро тоза намудаистодаанд.