АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ СОБИҚАДОРОН

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Кумиати иҷроияи ҳизби ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чанде аз занони собиқадори меҳнат аёдат гардида, бо туҳфаҳо идона таъмин гардиданд.

Аз он ҷумла, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахдавлатзода Г. Б. ва раиси ташкилоти ибтидоии “Панҷ” якчанд занони фаъолу собиқадори ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷ аёдат гардида, бо онҳо ҳамсуҳбат ва аз ҳолу аҳволи онҳо бахабар гардиданд.

         Зимни суҳбат муовини раиси ноҳия бо собиқадорон аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати занон ва арҷ гузоштан ба хизматҳои собиқадорон ёдоварӣ намуда, махсусан зикр карданд, ки заҳмату машаққатҳои бонувони собиқадори ноҳия дар тамоми самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат назаррас мебошанд. Ва натиҷаи заҳмату талошҳои собиқадорони меҳнат, бахусус занону бонувон аст, ки Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам ободу зебо гардида истодааст. Дар фарҷом ба аёдатшудагон тӯҳфаҳои идона ва шириниҳо тақдим карда шуда, онҳоро бо Иди модарон табрик намуданд.