ҲАШАРИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР АТРОФИ КОРГОҲИ ХУД. 

Ҳамадонӣ:  

 Имрӯз, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи коргоҳи худ жар тамоми идораву корхонаҳои ноҳия ҳашари дастҷамъӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Соли нави мелодӣ баргузор карда шуд.Ҳамзамон вобаста ба ин масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар гирду атрофи коргоҳи худ ҳашари дастҷамъиро баргузор намуда, гулҳои ороишии назди саҳни биноро ҷиҳати эмин нигоҳ доштан аз сармои зимистон бо салафан маҳкам намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроия