АНДЕШАИ МИЛЛИРО БОЯД ТАҚВИЯТ БАХШИД

Ҳамадонӣ: Андеша  

Даврони ҷаҳонишавии босуръат дар замони ҳозир ба ҳама гуна арзишҳои миллӣ халал ворид месозад, ки ин воридот бешубҳа рахна дар ҳастии миллат аст. Аз ин лиҳоз арҷгузорӣ ба ҳама гуна муҳимоти миллӣ дар мадди аввал меистад. Дар баробари ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони миллӣ ҳифзу пойдор доштани либоси миллӣ, анъанаҳои миллӣ, расму русуми аҷдодӣ ва дигар сунатҳои қадима, ки ба халқ мансубият дорад, зарур аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша парвариши андешаи миллиро дар ҷомеа зарур мешуморанд. Зеро андешаи миллӣ худ падидоварандаи тамоми муҳимоти миллист, ки худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватандорӣ, арҷгузорӣ ба расму русум ва анъанаҳои миллӣ аз он сарчашма мегирад.

Агар худшиносии миллӣ аз худшиносии фардӣ замина гирад, андешаи миллӣ эҳёбахши худшиносии миллӣ ва дигар рукнҳои муҳимми миллист, ки дар заминаи он фазои солими миллӣ тақвият меёбад.

Андешаи миллӣ ин ғояи ватандӯстӣ ва эҳтироми миллат аст, ки фазои миллиро дар ҷомеа падид меорад.

Забони миллӣ, либоси миллӣ, расму русум, илму фарҳанг ва пойдории маросимҳои миллӣ таҷассумгари фазои миллист, ки он ҳамеша бояд дар давлати миллӣ ҳувайдо бошад.

Мутаассифона, тайи солҳои охир либоси миллӣ тағйир ёфта, сурату сирати баъзе аз занҳои тоҷик низ рӯ ба тағйирёбӣ дорад. Истифодаи либосҳои сиёҳ, ниқобҳои гуногун ва пӯшидани кафи дасту пойҳо аз рӯи расму русум набуда, тақлиди кӯр-кӯронаест, ба сурати ғайр, ки он ҳусни ҷомеаро коста месозад.

Ин бозгӯйи он аст, ки ҳаракатҳои бегона дар давлатҳои Осиёи Миёна сар дароварда, бегонагон афкор ва ақидаи ғаразноки худро бо ҳар роҳ ба дӯши мардум бор месозанд, ки ин амал фардо меваи талх ба бор хоҳад овард.

Пӯшида нест, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Чин сафи ин зумра рӯ ба афзоиш дорад. Ба хотири ҳифзи фарҳанги миллӣ дар давлатҳои мазкур чораҳои пешгирикунандаи ин амал дида шуданд ва имрӯз барои амалӣ нагаштани ин падидаи носолим чорабиниҳои давлатӣ роҳандозӣ мегарданд. Ин нишон медиҳад, ки ин раванд хоси як давлати Тоҷикистон набуда, умумияти байналмилалӣ дорад, ки он ба амнияти шаҳрвандӣ, суботи кишвар ва анъанаҳои миллӣ хатари ҷиддӣ дорад. Ин хатар пеш аз ҳама дар таъсиси як ҳаракати номаълум аст, ки он фарогири як давлат ва як фарҳанг набуда, метавонад барои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддиеро ба бор орад. Таъсиси фазои носолим дар як минтақа барои минтақаҳои дигар низ фазои носолимро ба вуҷуд меорад.

Дар чунин шароит агар адешаи миллӣ дар ҷомеа ҷавобгӯйи меъёрҳои миллӣ бошад, ҳар фарди ҷомеа метавонад, худро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҳифз намояд.

Дар ин замина доираи тақлид ва тақлидкорӣ ба урфу одати бегона, хурофотпарастӣ ва дигар падидаҳои ифротӣ маҳдуд мегардад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки имрӯз онро чунин носозгориҳо халалдор месозад дар ҳоли пешрафт ва дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ қарор дорад, вале афзоиши афкори носозгор боиси барангехтани ангезаҳои сиёсӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз бедории шуури сиёсии аҳолӣ ва пеш аз ҳама тақвияти андешаи миллӣ бояд ҷавобгӯйи ҳама дасисаҳои ифротӣ бошад.

Муҳаммадризо ШАРИФОВ,

магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”