МАВЗЕИ ТАЪРИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ, ҲАВЗИ ҚАЙНАР

Ҳамадонӣ: Андеша  

 Ҳавзи машҳури Қайнари ноҳияи Восеъ бо аспҳои обиаш ва ривоятҳои зиёдаш дар навоҳии Кӯлоб машҳур аст. Номи қадимаи он Нозкул аст. Номи Кайнаҳр, яъне наҳри кайӣ - подшоҳӣ низ номи некӯст. Баъдҳо он Қайнар шуд, яъне дар баробари даҳҳо вожаҳои ка-дор ба қ мубаддал шуд. Аз ин ҳавз то Ҳулбук тавассути қубурҳо об гузаронида шуда буд, ки ин амал низ чун ҳавзи шоҳӣ будани он сидқ меёбад.

Имрӯз он бо ташаббуси Пешвои миллат ободу зебо шуда, як мавзеи сайёҳӣ ва наҳри воқеии подшоҳӣ шудааст!

Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонад.

 

Аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудааст. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи сомониён, кӯшониён ва юнону бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.

 

“Ҳавзи Қайнар” манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб мерафт. Тавре аз сарчашмаҳо бар меояд оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда шуда буд.

 

Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад.

 

Дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба эҳёи ин мавзеи таърихӣ ва муаррифии санъати баланди шаҳрсозии ниёгон сабаб гардид.  

 

Роҳравҳои ҳудуди мавзеъи таърихӣ ба андозаи 4 580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудааст. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст.  

 

Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст ва сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.

 

Мавзеъи таърихии “Ҳавзи Қайнар” аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр ва аз маркази деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масофаи 4 километр дур воқеъ мебошад.

Ҳамин наворро паҳн кунед!