ХАТАР ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ФИЛМҲОИ ТУРКӢ, АЗ БАРДОШТИ ҒАЛАТИ ТАМОШОБИН МЕБОШАД.

Ҳамадонӣ: Андеша  

  Ба ҳеҷ ваҷҳ инқирози филмҳои туркӣ аз қаламрави кишвари мо имкон надорад. Вале бояд аз зеҳнҳо дураш кунему дигар пайваста ба тамошояш напардозему барои сериоле, ки ҳафтаи дигар мебарояд навбат напоему ба сари диск хонаи ҳамсоя наравему ва ё атфоли худро ҳам нафиристем. Медони чаро хонанда. Чунки қимматарин чиз дар дунё ин вақт аст. Тамоши филмҳои бемаъне ва бисёрсериоли туркӣ вақти мову Шуморо мегирад. Нороҳат нашав хонанда ба он хотир мегӯям, ки муддати 10 соли дар ш. Душанбе ба сар бурданам аз гардиши микрорайони 46 то маҳаллаи Гипрозем дар нуқтаҳои дискфурӯшӣ бо садои баланд ба роҳгузарон шунавонида мешуд. Мусаллам аст, ки таблиғ ва ташвиқ нақши асосӣ мебозад. Агар имкон ҳам дошта бошад, вале аз зеҳнҳои шахшудаи як зумра наврасон, ҷавонон хато намекунем агар гӯем калонсолони камсаводи мо ки дастҳо дар хамир ва ҳамзамон ба тамошои филм машғуланд чигуна бадар мекунӣ. Шояд хонандаи матлаб саволе додан мехоҳад, ки чаро маҳз ба филмҳои Туркӣ часпидаед: мегӯям. Чунки ман аз чанд ҷиҳат зидди тамошои филмҳои туркӣ ҳастам: нахуст ин ки бисёрсериягӣ мебошанд, дуввум ин ки сужаи асар метавонад воқеӣ набошад, севум ин ки характери тарбиявӣ надоранд, чорум ин ки мазмунан филмҳо шабеҳи ҳаманд ва пеш аз ҳама, ба решаи фарзангӣ мо бегона мебошанд. Дуруст аст, ки бо як касбияти баланд ба навор гирифта шудаанд. Инҷо ҳаст филмҳои Ҳиндӣ ки муддати чор соат идома ёфта мақсаду мароми филм ҷамъбаст мегарад. Филмҳои Амрикоӣ низ ҳаминхел. Филмҳои русӣ низ дар доираи 30 40 қисм хулоса мешавад. Аммо филмҳои Туркӣ бошад зиёда аз 450 серия безмуну бемуҳтаво мебошад. Ман аз ҳамсолон ва ҷавонон ва наврасони тоҷик эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳангоми тамошои филмҳои хориҷӣ бардошти хуб дошта бошанд. Ба чӣ хотир? Ба они хотир ки онҳо тавассути филмҳояшон фарҳанги худро таблиғ мекунанд. Мо бояд таърихро хонем ва донем, ки Турк кисту Тоҷик кист! Ҳангоми дар кӯчаҳо пиёда гаштан мебинам, ки фавҷ - фавҷ наврасони дар ҳукми гул худашонро дар ҷои ҳамон қаҳрамонҳои филмҳои Туркӣ гузошта, ҳар гуна бозиҳоро анҷом медиҳанд. Билфарз бозии пинҳоншавакон. Ин пеш аз ҳама ба ояндаи худи ҳамон ҷавон ва миллт фавқулода хатари калон дошта, аз бемасъулиятии волидон шаҳодат медиҳад. Имрӯзҳо, ки Диск аз муд баромадаасту ҷояшро БАЗА ишғол кардааст ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад, ки онро тамошо накард. Лекин назорат аз болои фарзандон бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад ва волидон низ бояд босавод ва огоҳ бошанд. Фарз кардем, ки фарзандатро дар хона аз тамошои филмҳои туркӣ боздошти, аҳсан. Вале дар берун зимни бозӣ бо як гурӯҳ ҳамсолони хеш боз ҳамон ҳолат такрор мешавад. Яъне назорат аз болои фарзанд дар ҳама ҷо фарз ва қарзи волидон аст. Ба хотири ояндаи хуби фарзандонатон, вақт ёбед вақт ҷудо кунед. Мавзуи мазкур дар оянда ҳам пайгирӣ хоҳад шуд. Дар фарҷоми андешаҳоям бо изҳори таассуф қайд карданиям, ки аз пушти тамошои пайвастаи филмҳои туркӣ бисёре аз ҷавонони ноогоҳ мо дари асоси бардошти ғалат даст ба бисёр ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳо задаанд, ки мо аз ин ифтихор намекунем, балки маҳкум мекунем. Вобаста ба ин мавзӯи доғи рӯзи ҷомеа банда дар шабакаи фейсбук ду пост ҷиҳати дурӣ ҷустан аз филмҳои туркӣ ду пост гузоштам, ки аз ҷониби корбарон ва ҷомеаи маданӣ хуб ҷонибдорӣ гардид. 

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ