ТАРҒИБИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Гуруӯҳи кории таблиғоти бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Вализода Мушаммад бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ва ҳамзамон ба дарки сокинон расонидани аҳмият ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбиячи фарзонд» дар ҳудуди шаҳраки Фархор санаи 18 апрели соли ҷорӣ бо усули «хона ба хона» мулоқотҳо баргузор намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбиячи фарзонд», пшгири аз шомилшави ба ҳизбу ҳарақатҳои террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, мпешгирии занону дихтарон аз майл ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбат намуданд. 

Ҳамзамон тазаккур доданд, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.

Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Инчунин, ба сокинон варақа - таъкидҳо оид ба масълаҳои болозикр тақсим намуданд.