ОМОДА НАМУДАНИ ХОНАНДАГОН БА ҲОЛАТҲОИ ФАҚУЛОДА

Фархор: Созандагони ватан  

Санаи 1 майи соли 2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар МТМУ №61-и, чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” бо иштироки роҳбари муассиса ва омӯзгорону хонандагон баргузор карда шуд. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода аз тарафи омӯзгорону хонандагон мебошад.     Дар чорабинии мазкур аз тарафи хонандагони синфҳои болои ва ибтидоӣ дастаҳои махсуси зудамали наҷотдиҳӣ ташкил гардида, онҳо корҳои наҷотдиҳӣ ва ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаро бо таҷҳизотҳояшон ба намоиш гузоштанд. Тибқи нақша сараввал тамошои расмҳо ва овезаҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода, дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6 гузаронида шуд, баъдан амали омӯзгорон ва хонандагон ҳангоми шунидани "Бонги хатар" ва аз назар гузаронидани муассиса баъд аз "Бонги хатар" доир гардид. Дар чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ ҳайати шахсии муассисаи МТМУ №61 иштироки фаъолона намуданд ва аз тарафи нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании муассиса аз рӯи таъинот ва тартиби муқарраргардида аз рӯи вазифаҳои худ амал намуда, фаъолияти аълои худро нишон доданд.Боиси қайд аст, ки баҳри баланд бардоштани донишу малакаи омузгорон, хонандагон ва такмили мустақилона амал намудан дар ҳолатҳои фавқулода чунин чорабиниҳо тибқи нақша чорабиниҳо, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо навбат гузаронида мешавад.