Қурбонов Абдулҳафиз Ҳамидович – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

Қурбонов Абдулҳафиз Ҳамидович, аз 22.05.2021, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

30 майи соли 1988 дар деҳаи Пахтаарали Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст.  Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 2011 Донишгоҳи Давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусравро бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб аудит хатм намудааст.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 20.08.2010 мебошад. Бо Сипосномаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ қадрдонӣ гардидааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошад.