ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шахсони маъюбу камбизоат пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.
Бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба ин оилаҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти  "Навзамин"   Аминов Суҳроб ва соҳибкор Менглиев Ҷурақул  ба маъюб Ҳақназаров Бобомурод  кӯмаки яквақтаинаи худро аз қабили орд, равған ва дигар маводи хурока расониданд.
Барои  ин амали нек,  пайвандони маъюб  хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтадории хешро баён намуданд.