БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ:  

Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" санаи 18 апрели соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Дӯстӣ  чорабиниҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ  Тулкунова Унсуной-афсари калони маркази таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Мудофиаи граждании  вилояти Хатлон, намояндагони бахши ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия ва раиси ташкилотиибтидоииҳизбии "Маорифчиён" Муратов Рустам иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону хонандагон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш баргузор карда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз  дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ва ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуданд.
Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар хонандагон ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.
Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд.
Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд ва чорабинии «Рӯзи мудофиаи гражданӣ» аз ҷониби масъулин ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур бо омодабошии хуб, дар сатҳи лозима ва бо риояи талаботҳо ва қоидаҳо зарурӣ гузаронида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштикчиён ҷиҳати дар сатҳи хуби омодагиҳо ва баргузор намудани чорабинӣ аз тарафи меҳмонон баҳои балан дода шуд.