КӮМАК НАМУДАН БА НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДУ ҶАШНҲО АМАЛИ САВОБ АСТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамавақт аз ҳолу аҳволи ятимон, маъюбон, ниёзмандону собиқадорон бохабар гардида доимо ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонида ба дигар шахсон аз ҷумла соҳибкорон, мансабдорон ва дигар шахсони хайрхоҳро роҳнамоӣ менамоянд, ки ҳамеша аз шароити зиндагии чунин табақаи ниёзманди  ҷомеъа бохабар гардида ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд.

Дар асоси чунин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз дар арафаи Иди рамазон ба оилаи як оилаи маъюби гурӯҳи якум, Зайналова Мижгона кумаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.