ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁН ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба шахсони маъюбу камбизоат пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

Бо мақсади дастгирию кӯмак намудан ба  оилаҳои камбизоат аз ҷониби шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ Вакили халқ Дадабоева Ч. ва як нафар соҳибкори инфиродӣ Юнусова Муқаддас кӯмаки яквақта сару либос ба 6 оилаҳои камбизоат ва 40 нафар кӯдакони ним ятиму ятими кулл дар арафаи иди саиди фитр дар деҳаи Қубодиён ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 туҳфа карда шуд.
Барои  ин амали нек, ин шахсони  ниёзманд ва пайвандони онҳо хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минтадории хешро баён намуданд.