ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛЛАҲО

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷамоату деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал суҳбату вохуриҳо баргузор карда мешаванд.
Чунин вохурӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ Мирзосафарзода Ш,  Мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Исмоилов Исматулло ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим  дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти  Ҷиликӯл   бо аъзоёну ҷонибдорон ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи "Шаҳдрез"  баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти Олии ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифу тандурустӣ нигаронида шуда, ҳамасола ин соҳаҳо дастгириҳои бештар меёбанд. Ҳамзамон оид ба қонунҳои амалкунандаи ҷомеа, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд фаҳмонида шуд. Инчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии онҳо аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ифротӣ, инчунин сафарбар намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли уламои кишвар, ки рӯзи 9 марти соли ҷорӣ баргузор гардид  ҷиҳати зиёдаравии накардан изҳори андеша карда шуд.