ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

Данғара: Созандагони ватан  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокималӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ дар байни хонандагон доир намуданд.

Дар вохӯрӣ дар назди хозирин Раҷабализода Ҳокималӣ баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълими, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастоварди соҳаи маориф суханронӣ намуд. Инчунин қайд намуд, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Чунки ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳамзамон аз дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем.