ПАЁМЕ ПУР АЗ МУҲАББАТ

Данғара: Андеша  

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон, ки дар анҷоми соли 2023 ба Маҷлиси  Олӣ ироа гардид, таҳлиле мебошад оид ба татбиқи  сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ. Ҳамзамон Паём барои ҳар як  фарди мамлакат ҳамчун  дастурамалӣ корӣ барои як соли  оянда ва барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои  ҳаётан муҳими мамлакат  мебошад.  Дар паём  таъкид гардид, ба ҳалли масъалаи соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостони халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардидаанд. Дар соли  2023, 15 – ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид  карда шуд, ки боиси  эътибори бештар пайдо кардани  фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи  башарӣ гардид.

Бо майсади  густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди сайёҳӣ дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Бо шарофати соҳибихтиёрии мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои нави миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон дар арсаи  ҷаҳон муаррифӣ менамоем.

Мо кормандони Осорхона бо роҳбарии директори Осорхона Раҳмонзода Илҳом  бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро тарғибу ташвиқ намоем. Инчунин дар Паём  таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои  иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии мо осон гардидаст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, наслу навраси ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад, арҷ гузоштан ба аҷдоди гузаштагони худ вазифаи мо мебошад.

АСОМУДДИНОВА Майдагул – Мудири шуъбаи  таърихии дунёи қадими Осорхона - мамнӯгоҳи ҷумҳуриявии таърихӣ - фарҳангии Данғара