МУНОСИБАТ БА ВОЛИДАЙНИ  ҲАМДИГАР

Данғара: Андеша  

Дар оилаи тоҷикон муносибати боҳурматона нисбат ба падару модар, бибию бобо аз қадимулайём анъана шудааст.  Вақте, ки ба хонаи домод арӯсро меоранд,  дар сари арӯс танга ва ширавор мепошанд, ки як умр бою бадавлату сарватманд ва чу қанд ширин ва азиз бошад. Аз дастархонаш нон  яъне  неъмати дунё канда нашавад. Аз хонааш шухиву хандаи кӯдакон чун пошхурии танга ҳамеша баланд садо диҳад. Пеши пояш аз матои сафед пояндоз мегустаранд, ки бахташ, рӯзаш ва роҳаш сафед бошад. Баъди ин маросим салому дуруд оғоз мегардад. Арӯс ба хурду калони аҳли хонадон бо таъзим ном ба ном салом фиристода, бо худи ҳамин ба садоқату арзи эҳтироми онҳо гӯё як навъ савганд мехӯрад. Тарафи домод низ ин арзи садоқату эҳтиромро бо хушнуди пазируфта, гӯё ӯҳдадор мешаванд, ки хотири волидайн ва хешу табори арӯсро як умр пос доранд. Агар ҳамин арзу садоқату эҳтиром ва паймони посдории хотираҳо пойдору якумрӣ бошанд, агар арӯсу домод волидайни ҳамдигарро дӯст доранд, маслиҳатҳои муфиди онҳоро сармашқи зидагӣ ва рӯзгори хеш қарор диҳанд мутмаин метавон буд, ки ин оила бобақо хоҳад шуд. Ҷавонон дар назди онҳо бо эҳтиёти том ҳарф зада, мекӯшанд, ки бо сухане ва ё рафтору кирдоре хотири эшонро ранҷур нагардонанд. Аз онҳо барои пешбурди зиндагии оила маслиҳату машварат пурсида, розҳои ниҳонии оилавӣ ва ҳатто баъзан душвориҳои рӯзгорро фош насозанд. Баъзан барои эҳтироми онҳо аз манфиатҳои шахсиашон гузашт кунанд. Аз ин ҳам ҷавонони навхона, ҳам волидон ва ҳам тамоми ҷамъият бурд мекунанд.

АХМЕДҶОНЗОДА Наргиси Давлаталӣ – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара