ОДОБИ МУНОСИБАТ ДАР ОИЛА

Данғара: Андеша  

Оила дар асоси муҳаббати тарафайн, ба таври ихтиёрӣ, бе дахолати берунӣ барпо карда мешавад. Иттифоқи ду шахси болиғ – писар ва духтари ба камолрасида, он дар асоси аҳду паймони ошиқона, бо риштаҳои беолоиши меҳр ва муҳаббати пок баста мешавад. Пойдории он, бақову вусъати вай ба ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмии тарафайн, ба машварату ризоияти онҳо вобастааст. Ду шахсияти баркамол дар асоси умумияти фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, талаботу манфиатҳои якхела паймони оилавӣ баста, бо ҳамин ихтиёран ӯҳдадор мешаванд, ки минбаъд бо сулҳу салоҳ зиндагии якҷояи  оилавиро ба роҳ монда, ба бақову пойдории ҷамъияти башарӣ  саҳм гузоранд. Барои ин волидон дар ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ ба аъзоёни дигари оила фарзандон, келину домодҳо, набераю абераҳо ва ҳоказо ибрат нишон дода, ҳар корро бо мулоҳизаву машварат ва ба нафъи умум оғоз кунанд, ба он роҳ надиҳанд, ки шаъни касе коста ва манфиатаи  он сарфи назар гардад. Ҳангоми маслиҳату машварат бурдборӣ зоҳир намуда, фикру дархости ҳар узви оиларо бо сабру таҳаммул шунида, ҳусну қубҳи онро оромона фаҳмонанд. Ҳангоми  машварати реҷаҳои ин ё он намуди фаъолият аз тарафи волидон зоҳир намудани заррае дағалӣ боиси ранҷиши фарзандон, коҳиши муҳити ризоияти умум ва ҳатто низову нифоқ шуда метавонад. Ҳар узви оила чун узви хонадон хулқу атвор, рафтору кирдор, афзалияту камбудӣ, арзишу фаҳмиши зебоӣ, назокату кароҳати худро дорад. Ҳангоми оғози ин ё он фаъолият ва амалиёт ҳамаи ин хислатҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст. Бартарии якеро васф кардан ва норасоии дигареро таъкид карда, яъне манфиати якеро бар зарари дигаре баҷо овардан нашояд, ки ин боиси халалдор гардидани муҳити психологӣ дар оила шуда  метавонад. Чун қоида оила аз ҷинсиятҳои хилофи ҳамдигар: зану мард (зану шавҳар, писару духтар, келину домод ва ҳоказо) иборат буда, ҳар яки онҳо хусусиятҳои ҷисмонӣ, яъне хусусиятҳои  хоси мардона ва занона доранд. Аксар вақт тақсимоти меҳнат ва вазифаҳои ӯҳдадориҳои оилавӣ низ вобаста ба ҳамин  хусусиятҳои ҷинсӣ тақсим карда мешавад. Ҷинси латиф  вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои анъанавии занона – рӯзгордорӣ, тарбияи  тифлон ва наврасон, пухтупаз, рӯбучин ва шустушӯи, амсоли ин, ҷисми тавоно мардҳо киштукор, хариду фурӯш, сохтмон ва таъминоти оиларо ба ӯҳда мегиранд.

Як қатор хусусиятҳои занон бо вазифаҳои хоси модаронаи  онҳо алоқаманд буда, ба самти манфиатҳо, вазифаҳои ҷамъиятии истеҳсолӣ ва оилавию маиши онҳо аломанд аст. Аз ин рӯ, ин хусусиятҳоро нуқсони онҳо ҳисобидан, бо ин ё он кори заифона маломат кардан шаъни занҳоро паст мезанад, ки оқибати он барои муҳити психологии оила зарар меоварад.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара