ОИЛА МУҲИМТАРИН ВОҲИДИ ҶОМЕА

Данғара: Андеша  

Устувории оила аз ҳусни тафоҳуми тарафайн, муҳаббати байни зану шавҳар, самимият ва эҳтирому эътимод вобаста аст. Суботи хонаводагӣ кафолати суботи саросарист. Давлату  Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуҳои инсониву конститутсионӣ, густариши  фаъолияти ташкилотчию ҷамъиятии корӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли мушкилоти демографӣ, танзими расму  анъана ва оинаҳои мардумӣ дар тӯли солҳои истиқлолият маҷмғи тадбирҳои имконпазирро андешида, амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд.

Дар  кишвари мо Тоҷикистони азизи ҳар яки мо Шумо барои ҳимояи тандурустии модару кӯдак, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи занон, баланд бардоштани фаъолияти сиёсиву малаки касбӣ, таъмини ҷойи корӣ бидуни ҷудоӣ аз оила ҳама гуна шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат чун дар дигар бахшҳои хоҷагии халқу кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Рисолати аслии зан – модар дар тарбиятгарии ӯст, яъне инсони бофаҳму идрок ба ҷомеа инъом намудан аст. Маҳз зан – модар тарғибгари арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва фарҳанги волои хонаводагӣ мебошад. Бузургии зан низ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, муҳофизи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Зан дар оилаи тоҷик аз қадиммулайём нақши бориз дошт. Фурӯтаниву маърифатнокиаш ба зиндагии мард ва аҳли хонавода таровату покизагӣ мебахшад.оила ва суннатҳои хонаводагӣ дар низоми арзишҳои сокинони кишвар мақоми аввалиндараҷа доранд. Дар тафаккури мардум оила чун воҳиди муҳимтарини ҷомеа, таъминкунандаи  суботу амният таҷассум ёфтааст. Имрӯз сокинони кишвар дар самти омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Онҳо хуб дарк намуданд, ки яке аз омилҳои асосии хушбахтӣ ва устувории оилаҳои ҷавон ин омода будани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба оиладорӣӣ мебошад.

Дар ин раванд, нақши муҳимро  тарбияи хонаводагӣ мебозад. Маҳз волидон бо рафтору одоби худ дар хонавода намунаи ибрати ҷавонон дар эҷоди як хонаводаи қавӣ ва мустаҳакам  мебошад. Бо пешниҳоди кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июли соли 2016, баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон издивоҷ байни хешу табор мамнуъ дониста шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки оила бунёд мекунанд, ҳатмӣ гардид ва ин пешниҳодро ҷомеаи кишвар гарм истиқбол намуд. Амалӣ намудани муқарароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар аснод ҷиҳати ба камол расонидани ворисони сазовори миллат, риояи суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ҳамам гуна тақлидкориҳои  кӯр – кӯрона нақши муассир мебозанд. Аз ин рӯ пеш аз ҳама, модарон вазифадоранд, ки дар риояи  талаблти қонунҳои мазкур намунаи ибрат бошанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо корҳои маърифатию тарғиботиро миёни аҳолӣ  таҳким бахшанд. Ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ,  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо ёрии амалӣ расонанд. Модаронро ҳарур аст, ки писарону духтарони худро дар истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд ва дилбастагиву шавқу завқи онҳоро ҳар чӣ бештар ба китобу китобхонӣ барангезанд.

Мутаассифона, имрӯз бо занону модароне дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҷомеаи умумибашарӣ канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ андохтаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тарзи либоспӯшӣ ба бегонапарастӣ гаравида, ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо чунин вазъи ногувор набояд муросо кард. Мо ҳаргиз муқобили либоси миллии дигар кишварҳо нестем. Аммо либоси миллии мо фарҳанги мо, маънавиёт симои миллии мост ва агар либоси миллии мо аз байн равад, симои миллии мо аз байн хоҳад рафт. Тамоми ноҳияҳо ва гӯшаҳои мухталифи кишвари мо либосҳои миллии нотакрор ва хоси худро доранд, ки кам халқе бо чунин рангорангии либоси миллӣ метавонад ифтихор кунад. Аз даст додани либоси миллии худ ин аз даст додани фарҳангӣ миллии худ аст. Барои ҳамин таманно дорам, ки бонувони миллатамон анъана, расму русуми тоҷиконро гум накунанд, покизагии тану ботини худро нигоҳ доранд.  Ҳар як фарди Тоҷикистон бояд аввал оилаи солимашро ҳифз кард, фарзандони некро ба воя расонд, ки онҳо на танҳо обрӯи волидон, балки бо тоҷику соҳибкасбу соҳибмаълумот буданшон қадру манзалати миллату Ватани хешро боло бардоранд.

Хушнуд аз онем, ки сол аз сол Ватани азизамон ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо мешавад ва чунин ғамхориҳо моро водор месозад, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Сарвари давлат , ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодати осудагии ҳар сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, дар пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузорем.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара