НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ НАЗАРРАС АСТ

Данғара: Андеша  

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.  Имрӯз занону бонувон дарҳама қишрҳои ҷомеа кору фаъолияти пурсамар дошта, бешубҳа қувваи пешбарандаи  кишварамон мебошанд. Ба ибораи дигар, зан фариштаи гулпараст ва дар навбати худ сафири сулҳу зебоӣ аст. Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пеш аз ҳама ба омӯзиши гулдухтарони тоҷик аҳамияти махсус дода мешавад. Дар тули 31 – соли охир барномаи махсусе амал мекунад, ки дар он ҷавондухтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба макотиби олӣ тибқи квота ҷалб карда шуда, то имрӯз ҳазорон мутахассисонн дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ кору фаъолияти созанда доранд. Аз ин рӯ, занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста ба занону бонувони Тоҷикистон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои замонавӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ малакаи зиёд ҳамчун талаботи замонавӣ расидан ба комёбиҳои назаррас дар замони муосир, чун падарвор таъкид менамояд. Маҳз сиёсати дурбинона, мантиқона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон дар дохил ва гӯшаҳои гуногуни сайёра имконияти гирифтани таҳсили илм ва касбомӯзиро доранд. Ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот имконият додааст, ки шумораи зиёди ҷавонони мо имрӯзҳо дар бонуфузтарин марказҳои илмомӯзӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои  пешрафта, машғули омӯзиш ва корҳои илмӣ – тадқиқотӣ гардидаанд. Ин баёнгарӣ он аст, ки занону ҷавонони Тоҷикистон ба имкониятҳои бемаҳдуд дар баробари ҷавонони мамлакатҳои пешрафта дастрасӣ дошта, дар радифи хушбахтарин занону ҷавонони сайёра қарор доранд.

АХМЕДҶОНЗОДА Наргиси Давлаталӣ – мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара