ТАМОМИ ҶОМЕА МАСЪУЛИ ИҶРОИ ИН ҚОНУН БОШЕМ

Данғара: Андеша  

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ин танзимро ягона воситаи аз байн бурдани зиёдаравиҳо медонистанд. Таҷриба нишон дод, ки ҷабули ин Қонун ва дар ҳаёт пайваста татбиқ шудани он рӯзгори мардумро беҳ кард, назари нав ба биниши нав, расму оинҳо ва маъракаҳои хонаводагӣ ба танзим дуруст дароварда шуд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешгирӣ ва бетартибиҳо дар мавриди расу анъанаҳо боиси он шуд, ки дар ҷомеа як таҳаввулоти фикрие ба вуҷуд омад. Татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин, саҳм гузоштани худи шаҳрвандон дар беҳбудии аҳволи молиашон ва ба низом овардани масъалаи танзими расму оинҳо даст бизанад.  Ин қонун мардумро аз роҳи нодуруст баргардонд, аёнан нишон дод, ки кадом амали маросимро иҷро намудан мумкин асту кадомашро не. Расму оинҳои нолозим  тадриҷан аз байн рафта, мардум имкон пайдо кард, ки бештар ба масъалаҳои оилавӣ таваҷҷуҳи худро ҷалб кунанд. Масалан, бо камхарҷ газаронидани маъракаҳо дар буҷаи хонаводагӣ пасандозҳо зиёд боқӣ монд, ки ин шароити моддию маишии оилаи худро беҳтар намуда, ба тарбияи фарзандон аҳамияти бештаре зоҳир менамоянд. Забҳи чорво дар маъракаҳо кам гардида, аксари шаҳрвандон маъракаҳои худро бе забҳи чорво бо харидани гӯшт аз дӯкону бозорҳо тавонистанд барпо кунанд.

Ҳамаи ин чораандешиҳои Ҳукумат бо як мақсад, сарфа намудани маблағҳо ба беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум равона карда шудааст. бешубҳа, ин иқдоми хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ тавонист дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва ҳимояи манфиатҳои онҳо натиҷаҳои мусбатро ба бор оварда ва дар таъмини зиндагии шоистаи мардум нақши муассири худро гузошт.

Сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо имкон пайдо карданд, ки ба беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бунёди манзилҳои истиқоматӣ, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону барҷомондагон ва муҳимтар аз ҳама ба тарбияи дурусти фарзандони хеш диққати бештар диҳанд. Ин ҳама заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободиву осудагӣ ва зиндагии пурсаодати ҳамватанон равона гардидааст, пас месазад, ки тамоми ҷомеа масъули иҷрои ин қонун бошем, чунки мо аз ин қонун самароти зиёдро дарёфт намудем.

Бо боварӣ ва ифтихор бояд эътироф намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмиллати тоҷикро ба ҷодаи пешрафту рӯзафзун, ба хотири ободиву осудагӣ ва зиндагии пурсаодат, ҳидоят намуд.

ВОҲИД дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара