ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Бохтар:  

  Санаи 27-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар вобаста ба расонидани нуқтаҳои меҳварии мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз бо сокинони як қатор маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохурии мазкур Маҷидзода Сарвиноз, Икромӣ Фазлиддин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Забирзода Фурқат муовини раиси шаҳри Бохтар ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҳамчунин аз суханронии Пешвои миллат махсусан қайд карда шуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир равандҳое, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, ба ҷомеа ва давлати мо низ таъсири худро мерасонад.

Бинобар ин фаъолон ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳмгузор бошем ва бо амалҳои номатлуб, терроризму экстремизм ва хурофотпарастӣ мубориза барем.