НАВРӮЗ ЯКЕ АЗ МУБОРАКТАРИН ҶАШНҲОИ МИЛЛИИ МО-ТОҶИКОН

Бохтар: Андеша  
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳамаи ҳамватанон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро ба фарорасии ҷашни бостониву ҷаҳонии Наврӯз табрику муборакбод мегӯяд.
Наврӯз-ҷашни баробаршавии шабу рӯз ва оғози соли нави аҷдодиамон буда, яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар рӯи замин мебошад.
Гузаштагони тамаддунофари мо бо ба меърос гузоштани ин ҷашни бузург собит сохтанд, ки воқеан дар шаклгирии мафкураи инсоният дар тули ҳазорсолаҳо нақши бориз доштаанд. Зеро ҳикмати Наврӯз танҳо аз оғози баҳору соли нав иборат нест.
Наврӯз бо асолати худ собит месозад, ки гузаштагони мо мардумони донишманд ва аз гардиши осмону моҳу ситораҳо воқиф будаанд. Рамзу оинҳои наврӯзӣ бозгӯи некхоҳиву некандешӣ ва некманишиву покизагии зоҳиру ботини инсонҳост.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Воқеан, ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад”.
Мо миллати сарбаланди тоҷик ифтихор аз он дорем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллатамон ба эҳёи арзишу суннатҳои миллӣ ноил гардидем ва ба мақоми ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз даст ёфтем.
Бо нияту орзуҳои нек ва таманниёт Наврӯзи байналмилалиро бори дигар барои Шумо ва аҳли хонадонатонро ба ин иди аҷдодӣ шодбош мегӯем.
 
Иброҳимзода Неъматулло-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар