АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДУР БОЯД БУД

Бохтар: Вокуниш  

Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷараҷӯй, зуровариро дошта, дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, дар назар дошта мешавад ҳамон калимаи тундравӣ. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, дар онҳо ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намудааст.

Аксарияти ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро шомилгардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.

Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст, ки торафт азиму хатарнок мегардад. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гӯё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором уқёнуси Атлантик маскунанд панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рӯи инсофу адолат нест. Дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зуроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад. Албатта, терроризм ва экстремизм бавуҷудоварандаи фазои хавф ва тарсу ҳарос мебошанд.

Холмуродов Фаридун, Сафаралии Алимаҳмад омӯзгорони кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фурӯғ"